Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷор дар назди манзили Аҳмадзиё Масъуд дар Кобул


Бар асари таркиш дар маркази Кобул дасти кам 8 нафар кушта ва тақрибан 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Инфиҷор дар канори меҳмонсаро, дар маҳаллае рух дод, ки онҷо чанд идораи давлатӣ ва намояндагиҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай хабар дод, ки манзили муовини аввали раисиҷумҳур Аҳмадзиё Масъуд низ дар минтақаи инфиҷор ҷойгир шудааст ва дар ин ҳодиса ду муҳофизи ӯ кушта шуданд. Ба худи Аҳмадзиё Масъуд осебе нарасидааст.
Дирӯз бар асари ҳамлаҳои ошӯбгарон дар шимол ва ҷануби Афғонистон 16 корманди пулиси кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар вилояти шимолии Бағлон, ки минтақаи нисбатан ором ба ҳисоб меравад, тундравон ба як посгоҳ ҳамла карда ва ҳашт корманди полисро ҳадафи тир қарор доданд. Мақомоти Афғонистон дар ҳамла мусаллаҳони Ҳизби Исломии Гулбуддин Ҳикматёрро муттаҳам намуданд. Ҳашт корманди дигари полис бар асари ҳамла дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG