Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Копенҳаген меравад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи сешанбе барои ширкат дар нишасти ҷаҳонии СММ оид ба тағйири иқлим вориди шаҳри Копенҳаген, пойтахти Дания, мешавад. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе дар ин нишаст суханронӣ мекунад ва ҳамчунин чанд мулоқоти дуҷониба доир менамояд. Дар ин сафар раиси ҷумҳурро мушовири давлатӣ дар умури байнулмиллалӣ Эркин Раҳматуллоев ва вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Конфаронси ҷаҳонии СММ оид ба тағйири иқлим рӯзи 7 декабр шурӯъ шуд ва қарор аст, ки ду ҳафта идома кунад. Дар ин нишаст асосан мавзӯъи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва мутобиқат ба гармшавии иқлим мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад. Дар поёни нишаст ҳайатҳои 192 кишвари олам бояд қарордодеро имзо кунанд, ки ҷойгузини Созиши Киото гардад. Мӯҳлати амали созиши Киото соли 2012 поён меёбад.
XS
SM
MD
LG