Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзоалӣ Болтуев, раиси феълии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, боз ҳам дар ҳамин маснади худ барои тасдиқ ба порлумони кишвар пешниҳод гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳайати нави Комиссияи марказии интихоботро барои тасдиқ ба порлумони кишвар пешниҳод кард. Ба муовинати Мирзоалӣ Болтуев муовини қаблии ӯ Мизроб Кабиров пешниҳод шудааст. Раис ва муовини КМИР узви ягон ҳизбе нестанд.

Ба узвияти КМИР намояндагони 7 ҳизби фаъол дар Тоҷикистон дохил шудаанд. Ягон намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба узвияти КМИР дохил нашудаанд. Муҳибулло Додоҷонов, раиси Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба хонандагони Озодӣ феҳрасти аъзои нави КМИР-ро пешниҳод кард:

- Вера Наимова, узви Ҳизби коммунист ва омӯзгори Донишгоҳи славянӣ,
- Акбаралӣ Сатторов, ғайриҳизбӣ, раиси Иттифоқи журналистон,
- Низомиддин Зоҳидов, ҲХДТ, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
- Раҷабалӣ Тағоев, ғайриҳизбӣ, раҳбари бахши Тоҷикстандарт дар Хатлон,
- Олима Ёрматова, ҲСТ, омӯзгори Донишгоҳи миллииТоҷикистон,
- Иззатулло Алиев, ғайриҳизбӣ, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони кишвар,
- Ҷамолиддин Маҳмудов, ҲНИТ, узви раёсати олии ҲНИТ,
- Бобоҷон Лақаев, ҲАТ, сардори хадамот дар Вазорати кишоварзӣ,
- Моҳистон Азизова, ҲХДТ, раиси ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода,
- Маҳмадборон Зоиров, ҲИИТ, сардори шӯъба дар Кумитаи сармоягузорӣ,
- Нозим Нидоев, ҲХДТ, ректори Донишкадаи иқтисодӣ,
- Юсуфбек Шодмонбеков, ҲДТ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ,
- Саймурод Тағоев, ҲХДТ, мудири маркази барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ,

Аз тағйироти назаррас дар ин феҳрас исми Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва муассиси як силсила ҳафтаномаҳо аз қабили «Чархи Гардун» мебошад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати нави КМИР вохӯрӣ кард ва бино ба хабари сомонаи раисҷумҳур, онҳоро «ба тишкили дуруст ва озоду шаффоф интихобот ҳидоят намуд.»

Ҳамакнун, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро Маҷлиси намояндагон бояд тасдиқ намояд. Интизор меравад, вакилони мрадумӣ дар нишасти навбатии худ, рӯзи 16-уми декабр, ин масъаларо баррасӣ намоянд ва ба эҳтимолӣ қавӣ ин ҳайат қабул хоҳад шуд.

КМИР баъди тасдиқ аз сӯи Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи интихоботиро таъсис ва раисону ҳайатҳои онҳоро тасдиқ мекунад. Чилу як ҳавзаи интихотии инфиродӣ ва ҳавзаи саросарии ҳизбӣ дар давоми бист рӯзи баъди тасдиқи салоҳияти КМИР аз сӯи маҷлис бояд комилан фаъол ва омодаи баргузоркунии интихобот бошанд.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон бино бар фармони раисҷумҳур Раҳмон, ки рӯзи 14-уми декабр содир шуд, рӯзи 28-уми феврали соли оянда баргузор хоҳад гардид.

Аҳзоби сиёсӣ ҳамчунон омодаи баргузории анҷуманҳои худ шудаанд ва таърихи баргузории анҷуманҳо ҳам таъйин шудааст. Анҷуманҳое, ки рӯйхати номзадҳои аҳзобро ба ҳавзаи воҳиди интихоботӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

Рӯзҳои 19-20 ва 26-27-уми декабр таърихи баргузории анҷуманҳои ҳашт ҳизби сиёсӣ таъйин шудааст. Бар асоси пешниҳоди Вазорати адлия, ҳашт ҳизб, ба шумули ҲХД, ҲК, ҲИИ, ҲА, ҲНИТ ва инчунин ҲД-и таҳти раҳбарии М. Собиров ва ҲС-и зери раҳбарии А. Ғаффоров, ҳаққи муаррифии номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи интихоботиро доранд.

Бар асоси қонуни Тоҷикистон, 22 вакили порлумон ё 35 дарсади он аз руйхати ҳавзаи ҳизбӣ интихоб хоҳанд шуд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки феълан аксари курсиҳои онро ҲХДТ, се курсиро ҳам ҲКТ ва ду курсиро ҲНИТ ба худ ихтисос додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG