Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Руминия Басескуро пирӯз эълон кард


Додгоҳи Қонуни Асосии Руминия натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии 6-ӯми декабри ин кишварро дорои эътбор эълон кард. Дар даври дуввуми интихобот натиҷаҳои ду номзад ба ҳам хеле наздик буд ва дар он Траян Басеску пирӯз шуд ва бори дуввум мақоми раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Додгоҳ шикояти номзади дуввум Мирча Ҷоанаро дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот напазируфт. Тибқи натиҷаҳои эълоншуда,Ҷоана аз Басеску тақрибан 70 000 рай камтар ба даст овардааст
XS
SM
MD
LG