Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи баҳси кишварҳои дорову нодор дар Копенгаген


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, кишварҳои нодор ба коршикании худ барои музокира роҷеъ ба тағири иқлим дар Копенгагени Дания хотима доданд. Онҳо бо кишварҳои пешрфтаи санъатии ҷаҳон дар ин бора ба тавофуқ даст ёфтаанд. Дар ин бора Андреас Карлгрен-сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо дар бахши зистмуҳитӣ хабар дод. Кишварҳои пешрафта дирӯз аз дархостҳои худ дар музокирот даст кашиданд ва музокиротро боздоштанд. Ба ақидаи онҳо бояд ҳар кишвар баробар газҳои гулхонаии худро коҳиш диҳад, вале кишварҳои нодор мегӯянд, партоби газҳои гулхонаии онҳо камтар аст ва набояд меъёри онҳо бо кишварҳои пешрафта баробар бошад. Ин баҳсҳо кори конфронси Копенгагенро ба таъхир андохтааст. Дар кори он беш а 190 кишвар ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG