Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафту омади туркманҳову ӯзбекҳо соддатар мешавад


Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар бораи оддӣ сохтани рафту омади транзитии шаҳрвандон тавассути қаламрави кишварҳои якдигар мувофиқатнома имзо карданд. Каримов, ки дар ду рӯзи гузашта машғули боздид аз Туркманистон буд, гуфт, музокироти Туркманистону Ӯзбекистон роҷеъ ба муносиботи дуҷониба комилан самбулик аст. То ҳол бисёре аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ба вижа сокинони Хоразм наметавонистанд ба Туркманистон ба дидори хешовандони худ бираванд.
XS
SM
MD
LG