Пайвандҳои дастрасӣ

Байни Тоҷикистону Туркия раводид барҳам мехӯрад


Дар ин рӯзҳо қарордоди миёни Туркия ва Тоҷикистон дар бораи рафту омади бидуни раводид ба иҷро даромад. Дар ин бора соли 2009 мақомоти ҳар ду ҷониб санаде имзо карданд. Тибқи ин санад, ҳоло танҳо мақомоти расмӣ ва афроди дорои шиносномаҳои вижа метавонанд бидуни визо ё раводид ба кишврҳои якдигар рафту омад кунанд. Дар марҳалаи баъдӣ ҳамаи шаҳрвандони Туркияву Тоҷикистон аз ин ҳуқуқ бархурдор хоҳанд шуд. Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркманистон бо Туркия дар бораи рафту омади бидуни раводид пештар санад имзо кардаанд. Соли ҷорӣ Туркия бо Сурияву Либия ва Урдуну Албания муқаррароти раводидро барҳам дод.
XS
SM
MD
LG