Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон таътили зимистона тулонитар мешавад


Дар Тоҷикистон таътили зимистонаи шогирдони мактабҳо нисбат ба солҳои пеш тулонитар хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд. Вазири маорифи Тоҷикистон дар ин бора фармоне содир кардааст. Тибқи барномаҳои маъулии таълимӣ таътили зимистона аз 30-юми декабр то 12-ӯми январ дар назар дошта шудааст, вале соли ҷорӣ ин таътил аз 29-ӯми декабр то 24-ӯми январ давом хоҳад кард. Барои ҷуброни ин рӯзҳо таътили баҳорӣ ва тобистонаи шогирдони мактаб камтар хоҳад шуд. Тибқи хабарҳо, сабаби чунин тасмим камбуди нируҳои барқ дар Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG