Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Исломии Рушд ба кишварҳои узв кӯмак мекунад


Бонки Исломии Рушд барои кӯмак ба кишварҳои узв 504 миллион доллар ихтисос дод. Ин кӯмакҳо барои иҷрои тарҳҳое дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба масраф хоҳад расид. Дар бораи тахсиси дақиқи маблағ ба ҳар як аз ин кишварҳо чизе гуфта нашудааст, вале Бенин, Судону Тунис, Лубнону Нигерия, Угандаву Банглодеш ва Эрон низ аз ҷумлаи дарёфткунандагони ин кӯмаки Бонки Исломии Рушд хоҳанд буд. Дар ин бора Бонки мазкур дар Кувайт эъломияе ба нашр расонидааст.
XS
SM
MD
LG