Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҳавопаймои пур аз силоҳ дар Таиланд


Дар фурудгоҳи Бангкок ҳавопаймои Ил--76 бо 40 тонна силоҳ боздошт гардид. Чаҳор халабони он шаҳрвандони Қазоқистон ва панҷумӣ шаҳрванди Беларус зиндонӣ шуданд.

Тавре Илёс Умаров, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон, рӯзи 14-уми декабр дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ин ҳавопаймо гӯё аз Куриёи Шимолӣ ба Шри-Ланка парвоз доштааст.

Дар ҷараёни парвоз ҳавопаймо барои гирифтани маводи сӯхт ба Бангкок фуруд меояд ва дар ин ҷо мавриди бозҷӯӣ қарор мегирад ва бо кашфи силоҳ дар он боздошт мегардад. Ба гуфтаи оқои Умаров, чаҳор сарнишини ҳавопаймо, ки дар боздоштгоҳ қарор доранд, шаҳрвандони Қазоқистонанд, вале худи ҳавопаймо марбут ба ин кишвар нест.

Ин нуктаро Радилбек Адимолда, раиси Кумитаи ҳавопаймоии мулкии Вазорати нақлиёт ва иртибототи Қазоқистон, низ дар Остона таъкид кардааст. Вай дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст, қаблан ҳавопаймо марбут ба Қазоқистон буд ва он моҳи октябри соли 2009 ба як ширкати ҳавопаймоии Гурҷистон фурӯхта шуд. Вале чаҳор тан сарнишини ҳавопаймо, ки дар ширкати қазоқистонии Ест винг кор мекардаанд, ҳангоми боздошт дар рухсатии бидуни музд будаанд ва алъон бо кадом роҳҳо ба ширкати гурҷӣ ҷалб гардидани онҳо маълум карда мешавад.

Тавре Илёс Умаров, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон, гуфт, алъон бозрасии аввалини амали ҷиноии сарнишинони ин ҳавопаймо оғоз гардидааст ва додгоҳ тасмим гирифтааст, ки таи 12 рӯз ҳукми хешро дар мавриди онҳо содир кунад. Дар ҳамин ҳол Роберт Блейк, муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки барои ифтитоҳи консулгарии асосии кишвараш ба Алмаато омадааст, аз амали ҳукумати Таиланд, ки ҳавопаймои ҳомили силоҳро боздошт карданд, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳоло чаҳор сарнишини қазоқистонӣ ва як тан белорус барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, додани иттилои бардурӯғ дар бораи чигунагии бор ва кӯшиши ба таври махфӣ интиқол додани силоҳ аз ҳудуди Таиланд муттаҳам дониста мешаванд ва дар ҳолати собит гардидани ин иттиҳомот аз ҷониби додгоҳи Бангкок онон имкон дорад ба муддати дуру дароз ва ҳатто якумр аз озодӣ маҳрум карда шаванд.
XS
SM
MD
LG