Пайвандҳои дастрасӣ

Берлусконӣ як рӯзи дигар дар бемористон мемонад


Табиби Силвио Берлусконӣ - нахуствазири Итолиё, мегӯяд, ки ӯ барои табобати ҷароҳатҳои рӯяш ҳадди аққал як шаби дигар дар бемористон хоҳад монд. Рӯзе пештар як итолиёӣ бо ҳамла ба нахуствазир бинӣ ва ду дандонашро шикаст. Табибаш Алберто Зангрилло гуфт, Силвио Берлусконӣ ҳадди аққал бояд то рӯзи сешанбе дар шифохона бимонад ва барои шифои комилаш тақрибан се ҳафта зарур аст. Пулиси Итолиё мегӯяд, нафари ҳамлаварро, ки дар гузашта бемории равонӣ доштааст, боздошт кардааст. Ба гузориши расонаҳои Итолиё, вай ба сӯи Силвио Берлусконӣ, як модели хурди калисои Миланро ҳаво додааст.
XS
SM
MD
LG