Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Майкл Муллен аз таҳдиди нав


Як фармондеҳи олирутбаи Амрико имрӯз гуфт, аз он амиқан нигарон аст, ки ҷангҷӯёни афғон ва ифротгароёни паноҳёфта дар имтидоди марзи Покистон ҳарчӣ бештар бо ҳам забон як мекунанд. Адмирал Майкл Муллен – фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, зимни сафараш дар шаҳри Кобул, ба хабарнигорон гуфт, масъалаи мазкурро ахири ҳамин ҳафта дар шаҳри Исломобод бо мақомот Покистон дар миён хоҳад гузошт. Ва хабари дигари вобаста ба ҳамин мавзӯъ ин аст, ки Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон вориди Покистон шуд. Ӯ бо мақомоти ин кишвар доир ба стротежии нави Амрико барои ҷанг дар Афғонистон гуфтӯгу хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG