Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи Тоҷикистон эълом шуд


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, фармон додааст, то интихоботи ояндаи порлумонӣ дар кишвар 28 феврали соли оянда баргузор карда шавад. Ҳамзамон бо интихоботи порлумонӣ, интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии Тоҷикистон низ баргузор хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш қавл дод, ки талош хоҳад кард, то интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон демократӣ ва шаффофу одилона баргузор шавад. Вай ҳамчунин гуфт, намегузорад, то касе аз мақомоти расмӣ дар умури интихоботӣ дахолат кунад ва ҳушдор дод, ки агар нафаре аз мақомоти расмӣ ба чунин кор даст занад, ҷазо хоҳад гирифт. Порлумони Тоҷикистон, ки 63 курсӣ иборат аст ва аксарияти онҳоро намояндагони Ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ дар даст доранд. Нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG