Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар нишасти байналмилалии Копенҳаген


Намояндагони кишварҳои дар ҳоли рушд бо нишони эътироз аз мавқеъи кишварҳои пешрафта, нишасти гурӯҳҳои корӣ дар ҳамоиши байналмилалии тағйири иқлим дар шаҳри Копенҳагенро тарк кардаанд. Онҳо аз кишварҳои сарватманд мехоҳанд, то аҳд бидиҳанд, ки партоби газҳои гӯлхонаиро дар ҳаҷми бештаре коҳиш хоҳанд дод. Намояндагони кишварҳои дар ҳоли рушд гуфтаанд, то замоне, ки ин масъала ҳал нашавад, дар ягон нишасти гурӯҳҳои кории ҳамоиши Копенҳаген ширкат нахоҳанд кард. Ин ҳамоиш, ки 192 кишвари дунё ширкат доранд, ба ҳафтаи дуввуми худ ворид шуд ва чунин ҳаракати кишварҳои дар ҳоли рушдро ақибнишиние дар он нишаст хондаанд. Ҳадаф аз ҳамоиши Копенҳаген, таҳияи аҳдномаи байналмилалӣ дар мавриди коҳиши газҳои гӯлхонаӣ ва ҳамчунин таҳияи механизми тақсими миллиардҳо доллар кӯмак ба кишварҳои камбизоат аст, то худро ба паёмадҳои гармоиши курраи Замин омода кунанд. Интизор меравад, ки раҳбарони 120 кишвари дунё рӯзи ҷумъа дар рӯзи охирини нишаст ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG