Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ифротгарои Ҳамос 22-солагии таъсиси худро дар Навори Ғазза бо раҳпаймоии азиме бо иштироки ҳазорон нафар аз сокинони Ғазза таҷлил кард.

Ба хотири таҷлили 22-юмин солгарди созмони Ҳамос, кӯчаву биноҳои Навори Ғазза бо парчамҳои сабз оро дода шуда буд. Издиҳоми чандҳазор нафарӣ ҳам бо парчамҳои сабзи исломӣ дар майдони Катиба ҷамъ омаданд. Пас аз юриши Исроил ба Навори Ғазза дар соли гузашта, бори аввал аст, ки раҳбарони Ҳамос ба чунин шева ҷашнеро таҷлил карданд. Онҳо умедворанд, ки бо таҷлили бошукӯҳи солгарди созмон нишон медиҳанд, ки Ҳамос маҳбубияти худро дар миёни мардум аз даст надодааст. Юриши Исроил ва бастани марзи Миср бо Навори Ғазза ба хотири Ҳамос боиси маҳрумияту сахтиҳо дар минтақа ва ҳамингуна коҳиши обрӯи Ҳамос шуд. Ҳангоми ҳамоиши тарафдорони созмон, мусиқӣ садо медод ва тарафдорони Ҳамос бо номи Худо савганд мехӯрданд, ки муборизаро барои озодӣ идома медиҳанд.

Созмони Ҳамос соли 1987 таъсис ёфта ва баъди қиёми фаластиниён дар соли 2000-ум дар саҳнаи байналмилалӣ шинохта шуд. Созмони Ҳамосро аз омилони асосии бомбгузориҳои хунини интиҳорӣ дар Исроил медонанд, ки дар он бомбгузориҳо садҳо нафар исроилӣ кушта шудаанд. Дар остонаи таҷлили 22–юмин солгарди Ҳамос, сару садо буд, ки Ҳамос доир ба табодули асирон бо Исроил эълом хоҳад дод ва аз ҷумла Гилод Шалит, сарбози исроилиро, ки се сол боз дар асорат аст, раҳо хоҳад кард. Мегуфтанд, ки ӯро бо даҳҳо ва ё ҳатто садҳо нафар аз фаластиниёни зиндонӣ дар Исроил иваз хоҳанд кард. Аммо дар зарфи 24 соати гузашта, мақомоти Ҳамос, ин фарзияҳоро аз эҳтимол дур хонда ва гуфтаанд, ки музокирот дар ин замина ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Роҳи раҳоии Гилод Шалит тӯлонӣ ва сахт будааст, зеро ҳар ду тараф саъй доранд, дар ин муомила ҳамчун мағлуб ба чашм нарасанд. Исроилиҳо дар баробари интиқодот аз он ки онҳо дар ивази як сарбоз фаластиниёни зиёдеро раҳо мекунанд, бисёр ҳассосанд ва Ҳамос ҳам мехоҳад бо раҳо кардани асирони бонуфузе қудрати худро нишон бидиҳад. Ҳамон асирони обрӯманд дар миёни фаластиниён онҳоеанд, ки бо тарҳрезии ҳамлаҳои интиҳорӣ иртибот доранд ва Исроил ҳам майли зиёде барои раҳоии чунин асиронро надорад. Фаластиниёни мӯътадил нигаронанд, ки табодули асирон бо Исроил метавонанд, мавқеъи Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури фаластиниёнро заъиф кунад, ки ӯ Канораи Ғарбро таҳти контрол дорад. Гузориш мешуд, ки Маҳмуд Аббос мухолифи табодули рақибони эҳтимолии худ бо Гилод Шалит аст, аммо ин гузоришҳоро тарафи Маҳмуд Аббос рад намудааст.
XS
SM
MD
LG