Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи музокироти "Тоҷиктрансгаз" бо Ӯзбакистон


Сайидаҳмад Шарофиддинов – мудири ширкати “Тоҷиктрансгаз, мегӯяд, онҳо саъй доранд, то гази Ӯзбакистонро дар соли оянда бо қимати поёнтаре харидорӣ кунанд. Вай зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то охири ҳафтаи оянда ҳаҷми гази воридотӣ аз Ӯзбакистонро мушаххас намуда ва то ду ҳафтаи дигар қарордоди воридоти газро бо кишвари ҳамсоя имзо кунанд: “Мо то 25 ё 26 ҳамин моҳ бояд ки шартномаро ба имз расонем. Ҳоло дар тамоми дунё бӯҳрони иқтисодӣ аст, аз ин рӯ доир ба боло рафтани қимати газ ҳеҷ гапе нест. Мо ҳам тамоми кӯшишро дорем, то газро бо қимати поёнтаре бихарем.“ Тоҷикистон ҳоло барои ҳар 1000 метри мукааб гази табиӣ ба Ӯзбакистон 240 доллар пардохт мекунад. Сайидаҳмад Шарофиддинов гуфт, кишвараш соли оянда тақрибан ба 500 миллион метри мукааб гази воридотӣ ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG