Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани ду сокини Панҷакент дар марз


Ду сокини деҳаи Шӯрчаи Панҷакент ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳадафи оташи марзбонони кишвари ҳамсоя қарор гирифтаанд.

Феълан, Абдураҳмон Тайлонов ва Ҳофиз Норматов, ки ҳар ду 37 сол доранд, дар беморхонаи ноҳияи Ургут бистариянд. Волидони ин афрод ба Озодӣ гуфтанд, онҳоро ба дидори фарзандонашон иҷозат намедиҳанд.

Шаби 12-уми декабр ду сокини деҳаи Шӯрчаи Панҷакент, шаҳрвандони Тоҷикистон Тайлонов ва Норматов аз наздикии дидбонгоҳи сарҳадии Қирқ арча хостаанд, марзро убур кунанд ва ба ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ба дидори хешу ақрабои худ бираванд. Аммо аз ҷониби марзбонони узбак ошкор шуда, ҳадафи тир қарор гирифтаанд.

Сокинони маҳаллӣ бад он далел аз убури ғайриқонунӣ кор мегиранд, ки гузаргоҳи Қирқ арча аз ҷониби Узбакистон дар дуввунимсоли пеш баста шудааст. Феълан, ягона гузаргоҳи қонунӣ барои убур ба Узбакистон гузаргоҳи Ҷартеппа будааст, ки аз маркази шаҳр 20 километр дуртар ҷойгир аст.

Бино бар гуфтаи марзбонони тоҷик, барои 4-умин бор дар соли равон аст, ки шаҳрвандон ва срабозони Тоҷикистон аз сӯи марзбонони узбак мавриди ҳамла қарор мегиранд. Ҷониби Узбакистон ба муроҷиатҳои мукаррари Тоҷикистон дар ин маврид посухе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG