Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи ҳамоиши ҷаҳонии об дар Душанбе


Дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатънома таҳти унвони “баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт -- 2005-2015 “ ки онро ҳайати Тоҷикистон пешниҳод намуд, бо иттифоқи оро қабул гардид.

Дар ин робита бояд хотиррасон намуд ки дар пойтахти Тоҷикистон Душанбе доир карднаи чунин анҷумани муҳими байналмилалиро дар сатҳи олӣ аз ҷониби раисиҷумҳури он кишвар Эмомали Раҳмон пешниҳод шуда буд.

Ба ҳайати ҳаммуаллифони лойҳаи қатънома дар маҷмӯъ 36 кишвари мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Австралия, Афғонистон, Белорус, Доминикана, Ҳаитӣ, Исроил, Италия, Канада, Кореяи Шимолӣ, Лаос, Мадагаскар, Маврикий, Мақдуния, Молдова, Монако, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Перу, Русия, Салвадор, Словения, Филиппин, Сейшел, Сингапур, Таиланд, Того, Туркманистон, Украина, Уругвай, Чили, Қазоқистон, Фаронса, Юнон ва Ҷазираҳои Сулаймон ҳамроҳ шуданд.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ сафири Тоҷикистон дар СММ, Сироҷидин Аслов аҳамияти пазируфта шудани лоиҳаи қатъномаро чунин арзёбӣ кард: “Бо иттифоқи оро дар СММ қабул гардидани қатънома мо бори дигар нишон дод ки ташабуссҳои ҷониби Тоқҷикистон дар мавзуъи об аҳаммияти глобали доранд.”

Оқои Аслов ба мо иттило дод ки қатънома аз ҳафт банди муқаддимавӣ ва ёздаҳ банди амлӣ иборат буда ҷавҳари онро унсурҳои зерин ташкил медиҳанд: “Якум, моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи даҳсолаи байналмилалии Амал – об барои ҳаёт 2005 2015, бояд гуфт ки ин гуна чорабинии сатҳи баланди СММ дар Осиёи Марказӣ бори аввал гузаронида хоҳад шуд. Дуввум, 22 марти соли 2010 дар Рӯзи ҷаҳонии об, дар Ню Йорк барпо намудани муколамаи сатҳи баланди 64 иҷлосияи маҷмаъи умумии СММ оид ба татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал – об барои ҳаёт 2005 2015. Савум, аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Милал, барои маҷмаъи умумии СММ таҳияи гардидани гузориш дар бораи иҷро шудани ин қатъномава даъват намудани сохторҳои марбути СММ барои иштироки фаъол дар омода кардани конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе.”

Дар поёни суҳбат сафири Тоҷикистон дар СММ гуфт, барои кишвараш, ки ташаббускори аслии Даҳсола ва қатъномаҳои марбут ба оби СММ мебошад расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об ва истифодаи он ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг шудаанд аҳамияти зиёд дорад.

Вай афзуд, ҷониби Тоҷикистон мӯътақид аст, ки захираҳои об барои ноил шудан ба рушди пойдор, ҳимояи муҳити зист, аз байн бурдани фақру гуруснагӣ ва таъмин намудани саломативу некӯаҳволии одамон аҳамияти ниҳоят калон дорад.

Дирӯз Сироҷиддин Аслов барои ширкат дар кори саммити байналмилалии Копенҳаген дар робита ба тағйири иқлим ба пойтахти Дания парвоз кард.
XS
SM
MD
LG