Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон донишҷӯёни амрикоиро истирдод намекунад


Як додгоҳи Покистон имрӯз ҳукм кард, панҷ амрикоии боздоштшуда дар ин кишвар набояд ба Иёлоти Муттаҳида истирдод шаванд. Бими он меравад, ки ҷавонон мехостанд, амалиёти террористӣ тарҳрезӣ кунанд. Додгоҳи шаҳри Лоҳур, гуфт, то замони бозбинии парвандаи шаҳрвандони амрикоӣ, онҳо набояд на ба Амрико ва на ба кишвари дигаре истирдод шаванд. Панҷ донишҷӯи амрикоӣ, ки ҳамаашон аз аёлати Вирҷиния ҳастанд, ҳафтаи пеш дар Покистон боздошт шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки онҳо мехостанд, ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста ва амалиёти террористӣ анҷом бидиҳанд. Онҳоро ба ягон ҷинояте дар Покистон муттаҳам накардаанд ва аз ин рӯ бозгардонидани онҳо ба Амрико сарфи назар намешуд. Муҳокимаи баъдии қазияи ин шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида ба рӯзи 17 декабр барномарезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG