Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҷлили 22 солагии созмони Ҳамос


Даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони созмони Ҳамос имрӯз бо раҳпаймоӣ ва ҷилва додани парчамҳои сабз дар Навори Ғазза 22-умин солгарди таъсиси ин созмонро таҷлил мекунанд. Созмони Ҳамос, ки соли 2007 Навори Ғаззаро таҳти контроли худ гирифт, талош дорад, то нишон бидиҳад, маҳбубияташ дар миёни фаластиниёни ин минтақа коҳиш наёфтааст. Гуфта мешавад, юриши Исроил ба Ғазза дар як соли пеш маҳбубияти Ҳамос дар миёни мардумро костааст. Ҳамос, ки соли 1987 таъсис ёфтааст, баъди қиёми Фаластиниён дар соли 2000 дар саҳнаи байналмилалӣ шинохта шуд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Ҳамосро созмони терористӣ мехонанд.
XS
SM
MD
LG