Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштҳо бо иттиҳоми беҳурматӣ ба Хоманаӣ


Мақомоти Эрон мегӯянд, чанд нафарро дар иртибот бо пора кардани аксҳои Оятуллоҳ Хумайнӣ - поягузори Ҷумҳурии Исломии Эрон боздошт кардаанд. Иддаъо мешавад, ки дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматии ҳафтаи гузашта дар шаҳри Теҳрон чанд акси пешвои инқилоби исломиро пора кардаанд. Як рӯз пештар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари рӯҳонии Эрон, мухолифини Эронро ба он муттаҳам кард, ки нисбат ба Хумайнӣ беҳурматӣ ва ҳамингуна қонунҳои кишварро поймол намудаанд. Мухолифини Эрон мегӯянд, ки мақомоти расмӣ мехоҳанд, бо баҳонаи «беҳурматӣ” нисбат ба аксҳои Хоманаӣ, ҳаракати ислоҳталаби Эронро саркӯб кунанд.
XS
SM
MD
LG