Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди боздошти халабонҳои ҳавопаймо дар Таиланд


Додгоҳи Тайиланд имрӯз мӯҳлати боздошти чаҳор қазоқистонӣ ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Белорусро тамдид кард, ки бо як ҳавопаймои ҳомили аслиҳа аз Куриёи Шимолӣ дар он кишвар фуруд омаданд. Муҳимоти ҷангӣ, аз қабили мушак ва гранатамётҳо дар ҳавопайморо баъди он ошкор карданд, ки ҳавопаймо барои гирифтани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Тайиланд нишаст. Тамоми афроди боздоштшуда гуфтаанд, ки намедонистанд, дар ҳавопаймо чӣ мебаранд. Барои таҳқиқи ин қазия мӯҳлати боздошти онҳоро барои 12 рӯз тамдид кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳадафи ниҳоии ҳавопаймои мутааллиқи Гурҷистон кадом кишвар будааст. Куриёи Шимолӣ таҳти таҳримоти Созмони Милал қарор дорад ва хариду фурӯши силоҳҳои мушаххас бо ин кишвар мамнӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG