Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамос 22-солагии хешро таҷлил мекунад


Созмони тундрави Ҳамос имрӯз 22-умин солгарди таъсиси ин созмонро бо намоишҳое дар Навори Ғазза таҷлил мекунад. Ба гуфтаи масъулони созмон, қарор аст, баъди намози пешин даҳҳо ҳазор аз тарафдорони Ҳамос, ба раҳпаймоӣ бароянд. Созмони Ҳамос, ки соли 2007 Навори Ғаззаро таҳти контроли худ гирифт, талош дорад, то нишон бидиҳад, маҳбубияташ дар миёни фаластиниёни ин минтақа коҳиш наёфтааст. Гуфта мешавад, юриши Исроил ба Ғазза дар як соли пеш маҳбубияти Ҳамос дар миёни мардумро костааст. Ҳамос, ки соли 1987 таъсис ёфтааст, баъди қиёми Фаластиниён дар соли 2000 дар саҳнаи байналмилалӣ шинохта шуд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Ҳамосро созмони терористӣ мехонанд.
XS
SM
MD
LG