Пайвандҳои дастрасӣ

Ошӯбгарон 16 пулиси афғонро куштанд


Бар асари ҳамлаҳои ошӯбгарон дар шимол ва ҷануби Афғонистон имрӯз 16 нафар корманди пулиси ин кишвар кушта шуданд. Дар вилояти шимолии Бағлон, ки минтақаи нисбатан ороме ба ҳисоб меравад, тундравон ба як посгоҳи пулис ҳамла карда ва ҳашт нафари онҳоро ҳалок карданд. Мақомоти расмии Афғонистон дар ин ҳамлаҳо Ҳизби Исломии ба раҳбарии Гулбуддин Ҳикматёрро муттаҳам намуданд. Ҳикматёр аз он ҷангсолорони афғон аст, солҳои 1980 ба зидди нерӯҳои шӯравии собиқ ҷангида ва ба муддати кӯтоҳе ҳам нахуствазири Афғонистон буд. Дар ҳамлаи шабеҳи ошӯбгарон дар маркази вилояти Ҳилманд дар шаҳри Лашкаргоҳ ҳашт тан аз кормандони пулиси Афғонистон ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG