Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Восиев - гаронтарин футболбози тоҷик


Сомонаи олмонии маъруф дар олами футбол - «transfermarkt.de» арзиши бозигарони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро тахмин задаааст.

Бино бар таҳлили коршиносони ин сомона, ки ба муайян кардани арзиши бозигарон дар бозори футбол машғул аст, гаронтарин бозигари мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев, капитани дастаи дубли «Сатурн»-и Раменское мебошад. Фарҳод имсол дар сабқати дублёрҳои Преймер-Лигаи Русия ҳамроҳ бо «Сатурн» нишонҳои биринҷиро соҳиб гардид. Дар бозии дастаи асосӣ дар Премйер-Лигаи Русия низ як бор баромад кард ва як гол низ зад. Сомонаи олмони муҳофизи 19-солаи мунтахаби Тоҷикистонро 200.000 евро нарх кардааст.



Дар феҳрасти бозигарони гаронтарини мунтахаби Тоҷикистон, бино бар фарзияи сомонаи олмонӣ, муҳоҷими «Вахш» Нӯъмонҷон Ҳакимов, беҳтарин бозигар ва беҳтарин голзани мавсими 2009 дар Тоҷикистон, капитани «Регар» ТадАЗ ва беҳтарин бозигари Ҷоми раиси КФО-2009 Хуршед Маҳмудов ва Зафарҷон Зубайдов аз «Энергетик» низ зикр шудаву, арзишашон 75.000 евро муайян шудааст.

Акмал Холматов, нимҳимоятгари «Пахтакор»-и Тошкант ва Наим Носиров, ҳимоятгари «Регар» ТадАЗ 50.000 евро арзиш доштаанд.

Футболдонон дар Тоҷикистон мегӯянд, нархи воқеъии бозигарони тоҷик аз тахмини олмониҳо дида, камтар аст.

Феҳрасти гаронтарин бозигарони мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи фарзияи transfermarkt.de:

1. Фарҳод ВОСИЕВ («Сатурн», Раменское), 19-сола, ҳимоятгар – 200.000 евро

2-4. Нӯъмонҷон ҲАКИМОВ («Вахш», Қурғонтеппа), 31-сола, муҳоҷим – 75.000 евро

2-4. Хуршед МАҲМУДОВ («Регар» ТадАЗ, Турсунзода), 27-сола, нимҳимоятгар – 75.000 евро

2-4. Зафарҷон ЗУБАЙДОВ («Энергетик», Душанбе), 31-сола, ҳимоятгар – 75.000 евро

5-6. Акмал ХОЛМАТОВ («Пахтакор», Тошкант), 33-сола, нимҳимоятгар – 50.000 евро

5-6. Наим НОСИРОВ («Регар» ТадАЗ), 23-сола, ҳимоятгар – 50.000 евро
XS
SM
MD
LG