Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим Гулнора Тайғуншоева як сар модаговашро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун хайр кард. Гулнора ҳамчунин аз ҳамдеҳагонаш хост, ки дар ироаи ёрии бештар ба Роғун саҳм гиранд.

Аммо, ба назар мерасад, ба коргарони ин сохтмони азим ком ширин кардан аз гӯшти лазизи ин гови хайршуда муяссар намегардад, зеро оид ба наҳваи интиқоли хайрия то Роғун мушкилот пеш омадааст. Ронандагони мошинҳои борбар барои интқоли моли зинда пул талаб мекунанд, аммо корманди мақомоти ноҳия Ақдод Мародалиев ба хотирии осонии кор пешниҳод дорад, ки гов дар худи ноҳия қурбон ва гушташ дар бозор фурӯхта шуда, пули даромад ба суратҳисоби Роғун ирсол гардад.

Хабарҳои расида аз ноҳияҳо дар мавриди ёрӣ ба Роғун манзараи монанд ба заҳмати мардуми ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ-ро ба ёд меорад. Сокинони ноҳияи Дарвоз 13 ҳазор сомонӣ ва як миқдор маводи хӯрока ҷамъоварӣ намуда, бонувони ҳунарманд ба бофтани кӯлоҳ ва дастпӯшакҳои пашмин барои сохтмончиён сар карданд. Мамадхоҷа Шарифхӯҷаев, раиси бахши ноҳиявии ҲХДТ гуфт, ҳамчунин рӯзҳои 19-ум ва 20–уми декабр санъаткорони ноҳия бо барномаи калони консертӣ дар Роғун баромад мекунанд.

Бонувони ҳунарманд дар ноҳияҳои дигари Бадахшон низ ба хотири таъмини сохтмончиён бо либоси гарм бештар аз 6 ҳазор ҷӯробҳои помирӣ бофтаанд, аммо бинобар бад будани роҳҳои ҳамлу нақли ҳанӯз ин ҷӯробҳо дар анборҳо хобидаанд. Санъаткорони рӯшонӣ эълон карданд, ки бо барномаи ҳаҷвии таҳиякардаашон бахшида ба ёдбуди ҳунармандони шинохта Усто ва Масто пас аз чанде дили коргарони Роғунро шод мегардонанд.

Идораву муассисаҳои вилоят ба суратҳисоби Роғун маблағи 100 ҳазор сомонӣ ихтисос додаанд. Аммо мақоми аввали вилоят дар ҷаласаи охир ҳаҷми ёриро ҳанӯз нокифоя шуморида, аз шабакаҳои иттилоотии маҳаллӣ даъват кард, ки ёрӣ ба Роғунро бештар тарғиб кунанд.

Дар ноҳияи Мурғоб сокинон чанд сар қутосро барои Роғун хайрия карда, талош доранд, ки моли зиндаро то ҷойи таъиншуда интиқол диҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG