Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайримунтазираи Г. Браун аз Афғонистон


Дирӯз Гордон Браун-нахуствазири Британия ба таври ғайримунтазира аз Қандаҳори Афғонистон боздид ва бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Оқои Браун дар фурудгоҳи Қандаҳор ба рӯзноманигорон гуфт, чанд моҳи оянда барои Афғонистон муҳим хоҳад буд, зеро Амрико ва муттаҳидонаш нируҳояшонро бар зидди Толибон тақвият мебахшанд. Гордон Браун гуфт:

"Дар чанд моҳи гузашта мо шумораи васоити техникии зидди минаҳоро афзоиш додем ва дар ихтиёри фармондеҳони худ васоити бесарнишини саҳроиро гузоштем, то онҳо гурӯҳҳои бамгузорро ҳафдаф қарор диҳанд, гурӯҳҳоеро, ки масъулияти сохтани бамҳои зиёдро бар ӯҳда доранд".

Вай гуфт, нируҳои муттаҳид бояд нишон диҳанд, ки дар мубориза бо Толибон қотеъона рафтор хоҳанд кард. Аммо ҳукумати Афғонистон низ бояд аз ҷониби худ нишон диҳад, ки дар ин кор саҳми бештар мегирад. Британия ба Афғонистон 500 нафар нируи изофӣ мефиристад. Амрико омодагӣ гирифтааст, ки бештар аз 30 000 низомии дигар ба Афғонистон ворид кунад.
XS
SM
MD
LG