Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бағдод 13 нафар "ҷинояткор" эъдом мешаванд


Ҷавод ал Булонӣ-вазири дохилаи Ироқ зимни суханонаш дар порламони ин кишвар гуфт, ки мақомоти интизомӣ дар робита бо як силсила инфиҷорҳои ҳафтаи гузашта 13 "ҷинояткор"-ро боздошт кардаанд. Оқои Булонӣ ба намояндагони порламон гуфт, вазорати дохила дар додгоҳ гуноҳи ин 13 нафарро исбот кардааст ва онҳо эъдом хоҳанд шуд. Дар ҷаласаи порламон вазири дифоъ, вазири амният ва соири раҳбарони амниятии Ироқ ширкат доштанд. Бамгузориҳои рӯзи сешанбе дар Бағдод 127 кушта бар ҷой гузошт. 450 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG