Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти иқлим ва тазоҳурот идома дорад


Дирӯз дар дуввумин рӯзи тазоҳуроти эътрозӣ дар Копенгаген пулис 250 эътирозкунандаро боздошт кард, дар ҳоле, ки вазирони ҳифзи муҳити зист барои музокира дар бораи тағири иқлим вориди Копенгаген шудаанд. Раҳбарони калисоҳо бо ним миллион имзо номаеро ба СММ супурданд ва хостори барқарории адолат дар муносибат бо иқлим шуданд. Онҳо ҳамчунин дар маркази шаҳр раҳпаймоӣ анҷом доданд ва ба ширкаткунандагони конфронси тағири иқлим ёдоварӣ карданд, ки дар баробари фишорҳои иҷтимоӣ то 18-ӯми декабр ба тавофуқоти маваффақомез даст ёбанд. Дар ин конфронс намояндагони 194 кишвар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG