Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори қавии Хоманаӣ ба мухолифон


Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз кишварашро ба оромӣ даъват кард ва мухолифони ислоҳотҷӯро дар эҷоди фазои хасмона муттаҳам намуд. Вай тазоҳуроти мухолифонро ғайриқонунӣ номид ва аз мухолифон даъват кард, "ба роҳи рост" баргарданд. Дар ин байн полис ҳаволии Донишгоҳи Теҳронро ба муҳосира гирифта, садҳо донишҷӯи мӯътаризро дар он ҷо нигоҳ медорад. Донишҷӯён аз иттиҳоми тавҳин ба бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ, оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ эътироз доранд ва мегӯянд, мақомот худ сӯзондани аксҳои Хумайниро саҳнасозӣ кардаанд, то ин баҳона мухолифонро комилан саркӯб кунанд.
Телевизиони давлатии Эрон батакрор аксҳоеро намоиш медиҳад, ки гуфта мешавад аз ҷараёни тазоҳуроти донишҷӯён дар рӯзи душанбе бардошта шуда, дар онҳо ҷавононе ба аксҳои Хумайнӣ беэҳтиромӣ нишон медиҳанд. Донишҷӯён мегӯянд, ин аъмол аз тарафи ҷосусони давлат роҳандозӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG