Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии аксари боздоштшудагони Копенҳаген


Полиси Дания мегӯяд, садҳо нафар аз фаъолонеро, ки рӯзи шанбе дар ҷараёни раҳпаймоӣ боздошт карда буд, раҳо намуд. Аммо 13 нафар аз 968 тан, ки дар ҷараёни хушунатҳо боздошт шудаанд, дар маҳбас боқӣ мемонанд. Полис наздик ба ҳазор ширкаткунандаи тазоҳуроти дирӯзаи Копенҳагенро боздошт карда буд. Раҳпаймоии наздик ба 40 000 нафар дар ин ҷо бахше аз фаъолиятҳои "Рӯзи ҷаҳонии амал" буд, аммо дар яке аз бахшҳои он тазоҳуркунандагон бо сангандозӣ тирезаҳоро шикаста, мошинҳои сари роҳро ба оташ кашиданд. Дар ҳамоиши ҷаҳонии Копенҳаген бархе аз пешрафтҳо ба даст омадааст. Вале масъалаи тақсими масъулиятҳо дар коҳиши бухорҳои гулхонаӣ ва кӯмак ба кишварҳои бенаво ҳамоно дар бумбаст боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG