Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиддати нав дар саҳнаи сиёсии Эрон


Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз кишварашро ба оромӣ даъват кард ва мухолифони ислоҳотҷӯро дар эҷоди фазои хасмона муттаҳам намуд. Вай тазоҳуроти мухолифонро ғайриқонунӣ номид ва аз мухолифон даъват кард, "ба роҳи рост" баргарданд.

Дар ин байн полис ҳаволии Донишгоҳи Теҳронро ба муҳосира гирифта, садҳо донишҷӯи мӯътаризро дар он ҷо нигоҳ медорад. Донишҷӯён аз иттиҳоми тавҳин ба бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ, оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ эътироз доранд ва мегӯянд, мақомот худ сӯзондани аксҳои Хумайниро саҳнасозӣ кардаанд, то бо ин баҳона мухолифонро комилан саркӯб кунанд.

Телевизиони давлатии Эрон батакрор аксҳоеро намоиш медиҳад, ки гуфта мешавад аз ҷараёни тазоҳуроти донишҷӯён дар рӯзи душанбе бардошта шуда, дар онҳо ҷавононе ба аксҳои Хумайнӣ беэҳтиромӣ нишон медиҳанд. Донишҷӯён мегӯянд, ин аъмол аз тарафи ҷосусони давлат роҳандозӣ шудааст.

Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ мухолифони ислоҳотҷӯро дар нақзи қонун ва тавҳин ба бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ, оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ айбдор кард. Дар суханроние, ки аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш гардид, Хоманаӣ аз тарафдорони мухолифон даъват кард, пеш оянд ва онҳоеро муаррифӣ кунанд, ки даст ба таҳқири Хумайнӣ задаанд.

Расонаҳои расмии Эрон донишҷӯёни тарафдори мухолифонро айбдор мекунанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти худ дар рӯзи душанбеи гузашта аксҳои Хумайниро пора кардаанд. Хоманаӣ ҳамчунин гуфт, мухолифон душманони Эронро ҳавасманд мекунанд, то низоми исломии Эронро халалдор намоянд. Вай аз мухолифон даъват кард, "ба роҳи рост" баргарданд.

Вай гуфт, баҳсҳои пасоинтихоботӣ ба поён расиданд ва натиҷаҳои он қонуниянд, аммо дар муқобил тазоҳуроти мухолифон ғайриқонунист. Сипоҳи посдорони инқилоб ба қувваи қазоии Эрон ҳушдор дод, ба тавҳини оятуллоҳ Хумайнӣ ба гунаи инқилобӣ посух диҳад.

Пеш аз ин баёнияҳо, Мухолифони Эрон мақомоти давлатро дар амалҳои, ба гуфтаи онҳо, "ғайримуқаррарӣ" барои саркӯб кардани ҷумбиши ислоҳотхоҳ айбдор карданд.

Дар изҳороте, ки дар сомонаи интернетии раҳбари мухолифон, Мирҳусейни Мӯсавӣ нашр шудааст, ба иттиҳомоте ишора шудааст, ки гӯё мухолифон дар ҷараёни тазоҳуроти ҳафтаи гузашта ба раҳбари инқилоб оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайниро тавҳин кардаанд.

Мӯсавӣ мегӯяд, мақомоти ин тавҳинро тарҳрезӣ ва сипас ба донишҷӯён марбут карда, ба чораҳои ғайриодии саркӯб кардани мухолифон омодагӣ мегиранд. Вай аз тарафдорони Ҷумбиши сабз хост, ҳушёр ва аз ҷараёни ҳаводис огоҳ бошанд.
XS
SM
MD
LG