Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ мухолифонро дар таҳқири Хумайнӣ айбдор кард


Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз мухолифони ислоҳотҷӯро дар нақзи қонун ва тавҳин ба бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ, оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ айбдор кард. Дар суханроние, ки аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш гардид, Хоманаӣ аз тарафдорони мухолифон даъват кард, пеш оянд ва онҳоеро муаррифӣ кунанд, ки даст ба таҳқири Хумайнӣ задаанд. Расонаҳои расмии Эрон донишҷӯёни тарафдори мухолифонро айбдор мекунанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти худ дар рӯзи душанбеи гузашта аксҳои Хумайниро пора кардаанд. Хоманаӣ ҳамчунин гуфт, мухолифон душманони Эронро ҳавасманд мекунанд, то низоми исломии Эронро халалдор намоянд. Вай аз мухолифон даъват кард, "ба роҳи рост" баргарданд
XS
SM
MD
LG