Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти тоҷики ошиқ дар Бишкек


Полиси Қирғизистон як ҷавони донишҷӯи тоҷикро дар Бишкек бо иттиҳоми одамрабоӣ ба ҳабс гирифтааст. Мақомоти полис расман ин айбномаро тасдиқ ё рад намекунанд, вале мегӯянд, донишҷӯи соли севвуми коллеҷи ҳавонавардии шаҳри Бишкек Мурод Ҷӯраев дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Расонаҳои Қирғизистон менависанд, Ҷӯраев духтари қирғизро, ки дар синфи даҳи мактаби миёна таҳсил мекунад, дуздидааст. Вале падари Мурод, Карим Ҷӯраев ба радиои Озодӣ гуфт, духтар аз рӯи ишқ ва бо ихтиёри худ ба манзили писараш омадааст. Вакили мудофеъи Мурод Ҷӯраев гуфт, талош ба харҷ хоҳад дод, ки бегуноҳии нафари таҳти ҳимояташро собит намояд. Тафсилоти ҳодисаро дар идомаи барнома хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG