Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Сергей Багапш дар интихоботи Абхазия


Раҳбари ҷудоихоҳони Абхазия, Сергей Багапш дар интихоботи президентии ин минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон ҳаққи давраи дувуми раёсатҷумҳуриро ба даст овард. Дар ҳоле ки ин интихобот аз тарафи бахши аъзами ҷаҳон ғайриқонунӣ дониста мешавад, Русия аз баргузории он истиқбол кард. Тибқи эълонҳои расмӣ, Багапш дар он 59,4 ва рақиби асосии ӯ, Раул Хаҷимба 15,4 дарсадӣ раъй гирифтанд. Ба ин тартиб ба даври дувум зарурат боқӣ намонд. Мухолифон, ки аз тақаллуб ва хилофкориҳои густарда шикоят мекунанд, мехостанд, Багапшро ба даври дувуми интихобот маҷбур кунанд. Ин нахустин интихоботи президентӣ пас аз эътирофи истиқлолияти Абхозистон аз тарафи Русия пас аз ҷанги кӯтоҳи Русия ва Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта буд. Русия ҳамчунин Осиетияи Ҷанубиро низ ба ҳайси давлати мустақил расман эътироф кард. Гурҷистон ҳардуро бахшҳои ҷудоинопазири худ медонад ва интихоботи Абхазияро "мазҳака" номидааст.
XS
SM
MD
LG