Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайриинтизори Гордон Браун ба Афғонистон


Сарвазири Бритониё, Гордон Браун имрӯз бидуни хабари пешакӣ вориди Афғонистон шуд ва дар шаҳри Қандаҳор бо президенти ин кишвар Ҳомид Карзай дидору гуфтушунид дошт. Дар фурудгоҳи Қандаҳор Гордон Браун ба хабарнигорон гуфт, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида нерӯҳои худ ва ҳампаймонҳояшро алайҳи Толибон тақвият медиҳад, чанд моҳи оянда барои ҳукумати Афғонистон моҳҳои ҳалкунанда хоҳанд буд. Ин давра, ба гуфтаи Браун, нишон хоҳад дод, ки ҳукумати Афғонистон то куҷо нақши бузурге касб хоҳад кард. Браун, қарор аст, 500 сарбози дигар ба Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида омодагӣ мегирад, нерӯҳоро дар ин кишвар ба 30 000 сарбози дигар афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG