Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми фасод баъд аз бозгашт аз ҳаҷ


Ноиби шаҳрдори Кобул, пойтахти Афғонистон бо иттиҳоми фасод боздошт шудааст. Муовини додситони кулли Афғонистон, Фозил аҳмад Фақирёй гуфтааст, Ваҳибуддин Содот дар сӯистифода аз мансаб айбдор мешавад, вале ҷузъиёти аз ин бештар надод. Мақомот мегӯянд, Содот дар фурудгоҳи байнулмилалии Кобул, ҳангоми бозгашт аз сафари ҳаҷ боздошт шудааст. Аввали ин ҳафта шаҳрдори Кобул, Абдулаҳад Соҳибӣ бо иттиҳоми фасод ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд. Шаҳрдор аз ҳукми додгоҳ шикоят ва истеъфояшро рад кард.
XS
SM
MD
LG