Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони муҳоҷирати корӣ ба Корея


Тоҷикистон аз ҷумҳурии Корея дархост дорад, ки шуморе аз муҳоҷирони кории тоҷикро дар ин кишвар ба кор таъмин намоянд.

Сафиуллоҳ Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин мавзӯъро дар вохӯрие бо сафири Кореяи ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ким Хюнг Су матраҳ кардааст.

Хабаргузории давлатии «Ховар» аз қавли мақоми тоҷик ин мулоқотро қадами нахустин дар роҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ ҷиҳати ирсоли муҳоҷирони кории тоҷик ба он кишвар барои кор номидааст. Ҷаноби Девонаев гуфтааст, ниҳоди зердасти ӯ тамоми талошро орад, то бозорҳои нави кориро барои шаҳрвандони Тоҷикистон пайдо намояд.

Сафири Кореяи ҷанубӣ дар Душанбе гуфтааст, аз мушкилоти Тоҷикистон дар ин самт огаҳ аст. Ӯ гуфтааст, ҷумҳурии Корея ҳар сол миқдори муайяни ҷои корӣ барои шаҳрвандони ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ҷудо мекунад.

Сафир гуфтааст, имкони ирсоли муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон низ ба Корея мавҷуд аст. Аммо ҷониби Тоҷикистон бояд расман ба ҳукумати Корея муроҷиат намояд.

Тибқи як қарордод миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ сар аз соли 2010 бояд раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони тоҷик ба Саудӣ оғоз ёбад. Саудӣ гуфта буд, он кишвар қабл аз ҳама ба табибон ниёз дорад. Бино бар муқаррароти Саудӣ, муҳоҷирон бояд бо ҳамсаронашон сафар бикунанд ва қабл аз сафар забонҳои англисӣ ва арабиро омӯхта бошанд.

Аксари кулли муҳоҷирони кории тоҷик феълан ба Русия ва қисмате ба Қазоқистон сафар мекунанд. Аммо дар ин кишварҳо, махсусан дар Русия, ба мушкилоти фаровон гирифторанд. Хавфи дигаре, ки дар Русия ба сари муҳоҷирони кории тоҷик таҳдид мекунад, таъқиб, таҳқир ва куштори онҳо аз ҷониби нажодпарастони маҳаллӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG