Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон. Боз тазоҳурот. Ин бор -- рӯҳониён.


Даҳҳо ҳазор нафар аз рӯҳониёни муҳофизакор дар раҳпаймоии ташкилкарда давлати Эрон дар саросари ин кишвар бо шиорҳои ҳимоят аз раҳбари олӣ, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ширкат карданд. Дар намоиши ин раҳпаймоӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ, рӯҳониён дар Шероз хитоб мекарданд, "зинда бод Хоманаӣ, раҳбари мо!" ва рӯҳониён дар Қум шиор мезаданд, "марг бар душманони волии фақеҳ". Ин тазоҳурот дар ҳоле ба амал меояд, ки тарафдорони мухолифон ҳафтаи гузашта дар Рӯзи донишҷӯ ба кӯчаҳо рехтанд, то Хоманаиро ҳамчун "золим" маҳкум намоянд.
XS
SM
MD
LG