Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии 30 000 нафар дар Копенҳаген


Полиси Дания мегӯяд, 30 000 фаъоли ҳифзи муҳити зист дар маркази Копенҳаген аз ширкаткунандагони ҳамоиши ҷаҳонӣ даъват карданд, дар масъалаи пешгирӣ аз тағйири иқлим ба созиш даст ёбанд. Маркази пойтахти Дания ба дарёи кабуд монанд буд, зеро бо шиорҳо ва сарулибоси кабудранг эътирозгарон ва мухолифони сармоядорӣ як раҳпаймоии шашкилометра анҷом доданд. Ин раҳпаймоӣ аз тарафи 515 созмони 67 кишвар баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG