Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Клинтон аз ҳукумати Покистон


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, мегӯяд, кишвараш аз Покистон дар марҳилаи ҳалкунандаи муборизаи он зидди тундгароӣ ба таври қавӣ пуштибонӣ хоҳад кард. Дар суханронияш ҳангоми ифтитоҳи созмони нави Бунёли Амрикову Покистон, Клинтон аз Покистон даъват кард, ба таҳкими демократия ва беҳбуди амният аз тариқи рӯёрӯӣ бо Толибону Ал Қоида талош варзад. Вай тазмин дод, ки кишвараш майле надорад, истиқлолияти Покистон ва ё иродаи мардуми ин кишварро халалдор кунад, балки мехоҳад, коршарики Покистон бошад:

Хонуми Клинтон мегӯяд, "мо дар пайи ин нестем, ки авлавиятҳои худро бар Покистон ҳамл кунем ё бар қазоватҳои ҳукумати он ҳоким шавем ва ё иродаи мардуми онро савқ диҳем. Аслан, мо мехоҳем равобити худро бар пояи эҳтироми муштарак ва масъулияти шарикона бино намоем."

Клинтон иқрор кард, ки бисёре аз покистониҳо ба нақшаҳои Амрико дар минтақа бо шубҳа менигаранд ва камбуди бовар гоҳе аз ҳамкориҳои беҳтари ду кишвар ҷилавгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG