Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи президентӣ дар Абхозистон


Ҷудоиҳоҳони минтақаи Абхазияи Гурҷистон интихоботи президентӣ баргузор карданд. Ин аввалин интихобот президентист пас аз эътироф шудани минтақа аз тарафи Русия ба ҳайси як давлати мустақил баъд аз ҷанги кӯтоҳи Русия бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта. Сергей Багапш барои даври дувуми раёсат бо чаҳор номзади дигар сабқат дорад, ки ҳеҷ яке аз онҳо хостори ҳамоиши Абхазия бо Гурҷистон нест. Русия низ ба ҳеҷ яке аз номзадҳо майли ошкоро нишон надодааст. Ба ҷуз аз Русия, Никарагуа ва Венесуэла низ истиқлолияти Абхозистонро расман эътироф кардаанд.
XS
SM
MD
LG