Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари раисиҷумҳури Чин ба Осиёи Марказӣ


Президенти Чин, Ҳу Ҷинтао сафари худро дар Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон шурӯъ кард. Аз ин ҷо вай ба Туркманистон сафар ва рӯзи душанбе дар расми ифтитоҳи лӯлаи гази табиӣ ба Чин ширкат мекунад. Ин лӯла, ки 1 833 километр дарозӣ дорад, аз Туркманистон ба воситаи Узбакистон ва Қазоқистон ба ғарби Чин солона 40 миллиард метри мукааб газ интиқол хоҳад дод. Таҳлилгарон масири навро нишонаи коҳиши нуфузи Русия дар тақсими захираҳои табиӣ ва афзоиши нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ номидаанд, ки бо кӯмакҳои молӣ ва қарзҳои азими Чин низ густариш пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG