Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомоти маҳаллии давлат ҳанӯз ҳам ба интихоботи ростин ва шаффоф омода нестанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори "Азия-Плюс", Кабирӣ афзудааст, кишвар ин бор ҳақ надорад, хилофкорӣ ва қонуншиканиҳои интихоботи соли 2005-ро такрор кунад. Зеро бо таъсири бархе аз шароити сиёсӣ Тоҷикистон ҳампаймонҳои худро дар ҷаҳон ва минтақа амалан аз даст додааст ва агар интихоботи тақаллубкорона аҳзобро норозӣ гузошта, боиси ҷудоиҳо гардад, мо бо дасти худ кишварро ба марзи хатарнок тела хоҳем дод, гуфтааст Кабирӣ. Вай афзуд, аҳзоби сиёсӣ аз раисиҷумҳур кафолати интихоботи одилона ва шаффофро гирифтанд, вале чунин кафолат аз тарафи мақомоти маҳаллии давлат дода нашудааст. Интихоботи порлумонии соли 2005 тақрибан ҳамаи ҳизбҳои сиёсиро норозӣ гузошт ва аммо талоши онҳо барои пешгирӣ аз тақаллуб натиҷа надод. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интихоботи соли 2005-и Тоҷикистонро "қадаме ба ақиб" номида буд.
XS
SM
MD
LG