Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи таваҷҷӯҳи ҷавонон ба интихобот


Ҷавонони бисёре дар Суғд тасмим доранд, то дар интихоботи порлумонии кишвар дар маҷлисҳои маҳалливу олӣ номзадии худро гузоранд.

Нӯъмонҷон Очилов, як масъули шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд мегӯяд, бештари ширкаткунандагони ин маьракаи интихоботӣ аз ҳизби онҳоро ба фарқ аз солҳои қаблӣ намояндагони ҷавон ташкил мекунанд ва дар ҳоли гирифтани раъи бештар онҳо ният доранд сари масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз кор баранд.

Салим Ашӯров, ҷавони 32-сола, мегӯяд, барномаи мушаххаси пеш аз интихоботияшро таҳия кардааст ва дар ҳоли роҳ ёфтан ба порлумони Тоҷикистон талош мекунад, то сари чанд масъалаи умда кореро ба субот расонад. Вай афзуд, таъмини аҳолӣ ба барқ яке аз умдатарин масъалаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ин мушкил дар рушди иқтисоди кишвар ҳам монеа эҷод мекунад.

Салим мегӯяд, танҳо як мушкилиро дар роҳи пирӯзии худ эҳсос хоҳад кард - заъфи кори порлумон, ки кайҳост эътимоди мардумро аз ҳокимияти қонунгузорӣ дар кишвар дур кардааст ва аз ин сабаб аксари овоздиҳандагон ба интихоби номзадҳои ҷавон ҳам бовар надоранд. Салим мегӯяд, мехоҳад ин эътимодро дубора барқарор кунад.

Мирзораҳмат Сафаров, ҷавони дигар, мегӯяд, шумори бештари намояндагони ҳизбҳо дар порлумон ба хомушӣ одат карда, то кунун ҳеҷ навоварие дар низоми қонунгузории кишвар пиёда накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигар аз ҷавонон дар Суғд аз баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ чандон огоҳ набуда, ҳатто хоҳиши иштирок дар онро ҳам надоштаанд. Икром Раҳимов, як ҷавони 21-сола аз ҳамин ҷумла аст, ки ширкат ва овози худро дар интихоботи порлумонӣ зарур ҳам намедонад, зеро ба ақидааш, дар ин маърака низ тақаллуб ҷой хоҳад дошт.

Коршинос Алишери Толиб мегӯяд, дар ҳоле ки ҷавонон ҷои кор надоранд, ба маъракаҳои сиёсӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд.
XS
SM
MD
LG