Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи ҳаракати автобусҳо


Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Рашт ҳаракати автобусҳои мусофирбарро дар ҷодаҳои ин минтақа манъ кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи боришоти барфи зиёд ва ях бастани ҷодаҳо ҳаракати автобусҳо барои мусофирон хатарзо будааст.

Ба гуфтаи Муслиҳиддин Салоҳов, масъули хадамоти назорати роҳҳои мусофирбар дар минтақаи Рашт, ба сабаби набуди чархҳои резинӣ ва надоштани тири пешбаранда ҳаракати ин автобусҳо манъ карда шудааст. Оқои Салоҳов меафзояд, ба далели мушкилоти молӣ онҳо наметавонанд барои автобусҳо чархҳои зимистона харидорӣ намоянд. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза ин автобусҳо ба садҳо мусофирон ва он ҳам бо нархҳои муайяни нисбатан арзон хидмат мерасонидаанд.

Шаҳриниссо Раҳмонова, як хонуми бесаробон, мегӯяд, баъди манъи ҳаракти автобусҳо мардум дар ин фасли сармо соатҳо дар интизори мошин меистанд. Вай гуфт, қимати роҳкиро якбора то се маротиба афзуда, ва дар шароити кӯҳистон акнун на ҳама имкони рафтуомадро ба ҷойҳои лозима доштаанд.

Мӯҳриддини Шоҳназар, сокини шаҳраки Навободи Рашт, мегӯяд, аз набуди пули мошингузар ва барфбориҳои ахир рафтуомади нақлиёт аз Навобод ба Гарм хатарнок шудааст. Вай гуфт, пули болои рӯдхонаи Сорбоғ, ки ин шаҳракро бо маркази ноҳия ва дигар нукоти кишвар мепайваст, дар шаш моҳи пеш хароб шуда буд, ки аз бепарвоӣ то ба имрӯз ҳатто корҳои аввалияи таъмир дар он ҷо анҷом нашудааст.

Саривақт тоза накардани роҳҳо аз барф ва ба миқдори лозима напошидани хоку намак дар ҷодаҳо аз дигар мушкилоти нақлиётӣ бо боридани аввалин барфрезиҳо маҳсуб мешавад. Танҳо бо омадани баҳор иҷоза мешавад, то автобусҳои мусофирбар дигарбора дар ҷодаҳои ин минтақа ба ҳаракат бароянд.
XS
SM
MD
LG