Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргаҳои беэътиборшуда дубора тафтиш мешаванд


Додгоҳи Қонуни асосии Руминия амр кард, ки ҳама баргаҳои раъйи зимни ҳисобу китоби овозҳо дар интихоботи раёсатҷумҳур беэътибор донисташуда дубора тафтиш шаванд. Ин тасмим баъд аз шикояти Ҳизби сотсиал-демократӣ дар бораи имкони тақаллуб дар ҷараёни раъйдиҳӣ гирифта шудааст. Дар даври дуввуми интихобот, ки рӯзи якшанбеи гузашта сурат гирифта буд, раисиҷумҳури феълӣ Траян Бэсеску аз рақиби аслияш - номзад аз ҳизби сотсиал-демократӣ Мирча Ҷоанэ камтар аз як дар сад бештар раъйҳоро соҳиб шуд.
Нозирон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо изҳор намуданд, ки интихобот дар Руминия мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ буданд.
XS
SM
MD
LG