Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикоиҳои боздоштшуда аз Покистон истирдод мешаванд


Шаҳрвандони амрикоии дар Покистон боздоштшуда ба ИМА истирдод хоҳанд шуд. Дар ин бора мақомоти полиси Покистон хабар доданд ва ҳамзамон гуфтанд, ки алайҳи ин панҷ ҷавон иттиҳоме эълон нашудааст. Ба иттилоъи расмӣ, онҳо дар амалҳои ифротгароёна ва дар робита бо гурӯҳҳои тундгарои исломӣ гумонбар мешаванд. Ҳанӯз маълум нест, ки амрикоиҳо боз чанд рӯзи дигар дар Покистон боқӣ хоҳанд монд. Дар тафтиши қазия кормандони хадамоти вижаи Амрико низ ширкат доранд.
Ба гуфтаи мақомоти Покистон, панҷ ҷавони амрикоӣ се рӯз пеш дар вилояти Панҷоб дастгир шудаанд. Ҳадди аққал ду нафари онҳо – амрикоиҳои зодаи Покистонанд. Тибқи бархе хабарҳо, ҳамроҳ бо амрикоиҳо ҳамчунин се покистонӣ ва чанд шаҳрванди дигар кишварҳо низ боздошт шудаанд.
Ҳадс зада мешавад, ки шояд онҳо аз гурӯҳи амрикоиҳои дар аёлати Вирҷиния ғайбзада бошанд. Пайвандони ин афрод хабар доданд, ки дар як сабти видеоӣ онҳо “алвидоъ” гуфта изҳор намудаанд, ки мусалмонҳо ба ҳимоят ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG