Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эйде барои тамдиди қарордод талош нахоҳад кард


Раиси намояндагии СММ дар Афғонистон Кай Эйде изҳор намуд, ки ӯ баъд аз моҳи марти соли оянда барои тамдиди қарордоди дусолааш талош нахоҳад кард. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошейтед Пресс ӯ изҳор намуд, ки аз мақомаш истеъфо намедиҳад ва аммо аз Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун хоҳиш кардааст, ки ба ин мақом номзади дигарро ҷустуҷӯ кунад. Дэн МакНортон, сухангӯи дафтари СММ дар Кобул дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: "Вақте Эйде ба кор шурӯъ намуд, интизор мерафт ҳамчунин онҳое, ки қабл аз ӯ кор карда буданд, ду сол фаъолият кунад. Акнун Кай аз Дабири Кулли СММ хостааст, ки ҷойгузини ӯро пайдо кунад. Ин истеъфо нест. Ин амалест, ки дар қарордод сабт шудааст. Ва ин гомҳо тайид мекунанд, ки ӯ хоҳиши тамдиди қарордодро надорад".
Кай Эйде чанде пеш барои нодида гирифтани тақаллуби раъйҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон мавриди интиқод қарор гирифта буд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон таҳти сарпарастии СММ доир гардид. Аз ин пеш Кай Эйде ба хабаргузории норвегии NTB гуфт, ки тасмими ӯ барои тарки мақом бо танқиди фаъолияти СММ дар ҷараёни интихоботи президентии Афғонистон рабте надорад.
XS
SM
MD
LG