Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди изҳороти ахири раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт, кафили шаффофу озод ва демократӣ гузаштани интихоботи порлумонии феврали соли 2010 хоҳад буд, назари ҳамсон надоранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ дар шаҳри Хуҷанд ва низ нишасти охирини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки баргузории интихоботи шаффофу озод ва мунсифонаро дар Тоҷикистон кафолат хоҳад дод.

Изҳори назарҳо дар як нишасти аҳзоби сиёсии кишвар ва намояндагони порлумон сурат гирифт, ки бо ибтикори Дафтари раёсатиҷумҳур, Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва низ пуштибони молиявии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе рӯйи мавзӯъи «Интихоботи шаффофу озод ва демократӣ» баргузор шуд. Дар нишаст роҳҳои шаффофу озод ва демократӣ баргузор шудани интихоботи порлумони феврали соли 2010 баҳс шуд. Яке аз мавзӯъҳое, ки мавриди баррасиҳои шадид миёни ширкатдорон шуд, изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки гуфт, кафили интихоботи порлумонии озоду шаффоф ва демократӣ дар моҳи феврали соли 2010 хоҳад буд.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ин изҳоротро таҳти суол қарор дод ва гуфт,
дар ҳоле ки раисҷумҳур сарвари Ҳизби халқӣ-демократӣ аст, пас наметавонад баробарҳуқуқии тамоми аҳзобро таъмин кунад. Оқои Зоиров гуфт, Эмомалии Раҳмон танҳо раисҷумҳури як ҳизб нест ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон ӯ раисҷумҳури ҳама ва дигар аҳзоб низ ҳаст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, Тоҷикистон имрӯз дар минтақаву ҷаҳон танҳо мондааст ва у ба ҳарфҳои раисҷумҳур эътимод дорад: «Қаблан мегуфтам, ки умед дорам ба интихоботҳои шаффоф, вале ҳоло баъд аз сӯҳбате, ки дар Шӯрои ҷамъиятӣ шуд, умеди ман табдил шуд ба бовар, ки воқеан раҳбарияти олии кишвар мехоҳад интихобот озод бошад. Аммо бовари ман фақат дар сатҳи боло мемонад, ба сатҳи поён намерасад, чун бовар надорам, ки дар сатҳи поён ин ваъдаи президентро анҷом медиҳанд»

Ба гуфтаи Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, баргузории интихобот бидуни мусоидати ҳукуматҳои маҳаллӣ имкон надорад ва ин даъво, ки онҳо ба кори ҳавзаҳои интихоботӣ таъсир мерасонанд, аслан сиҳат надорад: «Ин корҳо ҷавобгарӣ дорад. Кӣ ҳақ дорад, ки ҳиссаи як каси дигарро зиёд нависад? Агар ин хел бошад, интихобот чӣ даркор? Менависему бароварда медиҳем!»

Абдураҳмон Каримов, раиси Ҳизби манъшудаи адолатхоҳ мегуяд, ба ваъдаҳои раисҷумҳур намешавад бовар кард: «Дар интихоботҳои қаблӣ ҳам ман кафил ва шаффоф мешавам гуфта буд. Аммо нашуд. Ин дафъа ҳам ҳамин тавр мешавад. Аммо президент агар хоҳад метавонад. Масалан, фармон барорад, ки интихобот шаффофу озод ва демократӣ гузарад ва ин фармонро ба тамоми хонаводаҳои кишвар бепул тақсим кунад»

Коршиносон мегӯянд, аҳзоби сиёсӣ бар ин бовар буданд, ки бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихобот метавонанд ба шаффофу демократӣ гузаштани интихобот даст ёбанд. Аммо Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, тири онҳо хок хӯрдааст ва калиди ислоҳи вазъ танҳо дар сатҳҳои поёнии ҳукумат аст: «Қадами дуввум ин аст: «ба амонат хиёнат накун!» Яъне дар комиссияҳои поёнии интихоботӣ набояд ба тақаллубкорӣ роҳ диҳанд. Агар ҳамин тавр шуд, пас интихобот шаффафу озод ва демократӣ мегузарад. Роҳи дигар нест» мегуяд оғои Муҳаммадазимов.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG